бедор — [بيدار] 1. он ки дар ҳолати хоб нест; муқоб. хуфта ва хобида: аз хоб бедор кардан, аз хоб бедор шудан; бедор мондан нахобидан, хоб нарафтан; шабро бедор гузаронидан шабзиндадорӣ кардан, бедорхобӣ кашидан 2. маҷ. ҳушёр, огоҳ, бохабар; бедор кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асрор — [اسرا] а. ҷ. сирр; маҳрами асрор бохабар аз розҳои ниҳонӣ; шахси боэътимоде, ки аз розҳо хабар дорад ва ба вай асрори дил гуфтан мумкин аст; маҳрами роз; сирру асрори пинҳонӣ розҳои махфӣ ва пӯшида; асрори касе ё чизеро кушодан // асрори касе ё… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ахбор — [اخبار] а 1. ҷ. хабар; арбоби ахбор хабардиҳандагон, хабарнигорон; воситаҳои ахбори умум ниг. восита; ахбор гирифтан хабар гирифтан, бохабар шудан 2. барномаи хабарҳои тоза дар бораи вазъияти рӯз, ки аз радио, телевизион ва дигар воситаҳо пахш ва … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
огоҳ — [آگاه] бохабар, хабардор, воқиф; огоҳ будан хабар доштан, воқиф будан, иттиллоъ доштан; огоҳ кардан (намудан) хабардор кардан, воқиф намудан, фаҳмондан; огоҳ шудан бохабар шудан, хабар ёфтан, хабардор гардидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳолдон — [حال دان] 1. донандаи ҳолу аҳвол, огоҳ, бохабар; воқиф аз чигунагии воқеа 2. ҳамроз, ҳамадам; дӯсти ҳолдон ва ҳамдам; ҳолдон будан бохабар аз ҳолу аҳвол будан, хуб шинос будан; ҳолдон шудан аз ҳолу аҳвол хабардор шудан, шинос шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шиносоӣ — [شناسائي] 1. ошно будан, ошноӣ, шинос шудан (бо касе ё коре) 2. огоҳӣ, бохабарӣ; шиносоӣ пайдо кардан (бо касе, бо чизе) ошно шудан, бохабар ва огоҳ гардидан (аз чизе) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
алим — I [اليم] а. дарднок, дарди шиддатнок; азоби алим азоби сахт, дарди шиддатнок II [عليم] а. кит. олим, донишманд, доно, бохабар, огоҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
алҳазар — [الحذر] а. эҳтиёт бош!, бохабар бош! … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бибиотун — [بيبي آتون] кҳн 1. мактабдори мактаби духтарона 2. зани аз адабиёти динӣ бохабар, ки дар маъракаҳои занон дар ин бораҳо ваъзгӯӣ мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бинӣ — [بيني] узви ҳисси шомаи инсон ва ҳайвон, димоғ: бинии борик, бинии дароз, бинии уқобии нӯгхамида, парраи бинӣ, теғаи бинӣ; бинӣ афшондан нафасро бошиддат аз бинӣ бароварда холӣ кардани роҳи нафас аз оби бинӣ, бинӣ кашидан бо бинӣ ҳаворо сахт ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ